ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон мегӯяд, заминҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ тайи як соли охир коҳиш ёфтаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Хоҷазода дар ҷаласаи ҳукумат, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар бораи заминҳои мавҷуд, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳу намудҳо гузориш додааст.
Раиси кумита ба аъзои ҳукумат ҳисобот додааст, ки то 1 январи соли 2022 дар истифодаи корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ 6 миллиону 953 ҳазору 866 гектар замин қарор доранд.
Таъкид шудааст, ки аз ин миқдор замин танҳо 682 ҳазору 828 гектар обӣ мебошад.
"Заминҳои кишоварзӣ дар муқоиса бо ҳисоботи солона ба ҳолати 1 январи соли 2021 ба майдони умумии 24 ҳазору 349 гектар, аз он 2 ҳазору 96 гектар обӣ кам шудааст", - гузориш дод Хоҷазода.
Ӯ афзуд, ки заминҳои корами ҷумҳурӣ 205 гектар ва майдони корами обӣ 246 гектар кам шуда, майдони дарахтони бисёрсола 1 ҳазору 218 гектар буда ва аз он 889 гектар замини обӣ зиёд шудааст.
Дар пайи шунидани ҳисобот раисҷумҳури Тоҷикистон хостори дуруст ба роҳ мондани ҳисоботи заминҳо шуда, таъкид намудааст, ки барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида чораандешӣ шавад. Раҳмон хостааст, майдони заминҳои киштшаванда ва истифодаи оқилонаи замин тавсеа ёбаду пеши роҳи ҳама гуна қонуншиканиҳо дар ин самт гирифта шавад.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки аъзои ҳукумат инчунин барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2022-2027-ро баррасӣ кардаанд.
Маврид ба зикр аст, Тоҷикистон кишвари кӯҳсор мебошад, ки ҳамворӣ ҳамагӣ ҳудуди 7%-и ҳудуди онро ташкил медиҳад. Дар пасманзари афзоиши аҳолӣ камбуди замин дар ҷумҳурӣ ба яке аз мушкилоти мубрам табдил ёфтааст. Мақомот барои сарфаи замин қарор кардаанд, ки биноҳои бисёрошёна, аз ҷумла дар навоҳии ҷумҳурӣ бунёд карда шаванд.