ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ҳайати Украина вориди қаламрави Беларус шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба сиёсатшиноси белорус Юрий Воскресенский.
Ба гуфтаи ӯ, ҳайати Украина ба макони музокирот бо ҷониби Русия меравад, аммо эҳтимол дорад, ки оғози гуфтушунид тағйир ёбад.
Ҳамчунин ба далели амниятӣ макони дақиқи музокирот феълан эълом нашудааст.
"Маълумот вуҷуд дорад, ки ҳайати Украина пас аз роҳ тафреҳ мехоҳанд ва эҳтимол вақти музокирот дигар шавад. Аммо чизи асосӣ ин аст, ки гуфтушунид ҳатман сурат мегирад", - таъкид намуд Воскресенский.
Бояд зикр намуд, ки ҳайати Русия як рӯз пеш барои музокирот вориди Беларус шуд.
Ташрифи ҳайати Украина ба Беларус дар ҳолест, ки қаблан Владимир Зеленский изҳор дошт, ки Беларус наметавонад майдони гуфтушунид миёни Русия ва Украина шавад.
Ӯ гуфт ҷонибдори он аст, ки музокирот дар Варшава, Будапешт ва ё Истамбул доир шавад.
Қаблан сухангӯи президент, Дмитрий Песков гуфт, ҳайати намояндагони Русия аллакай дар Гомел қарор доранд.
Ба ҳайати Федератсияи Русия барои гуфтушунид бо украиниҳо намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, вазорати дифоъ ва дигар идораҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла дастгоҳи президент шомил буданд. Тавре Песков ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, Русия мунтазири ҳайати Украина дар музокирот дар Гомели Беларус аст.