ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Дар ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон хулоса ба як қатор лоиҳаи қонунҳои нав дар ҷумҳурӣ пешниҳод шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар кишвар тарҳи Қонун алайҳи ҳама гуна табъйиз таҳия гардидааст.
Лоиҳаи қонун "Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз" аз мавзуъҳои баррасишуда дар ҷаласаи ҳукумат будааст.
Инчунин аъзои ҳукумат бо пешниҳоди хулоса лоиҳаҳои Қонун "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ” ва Қонун "Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ"-ро ба парлумон пешниҳод кардаанд.
Аз тарҳҳои дигари ирсолшуда ба Маҷлиси намояндагон тағйирот ба қонунҳо "Дар бораи ҳифзи муҳити зист" ва "Дар бораи байторӣ" мебошанд.
Аъзои ҳукумат инчунин пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Лахш барои иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи мазкурро баррасӣ кардаанд. Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2022, Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 аз мавзуъҳои дигари ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон будаанд.
Дар ҷаласа инчунин Барномаи рушди маҷмуи индустриалию аграрии вилояти Хатлон дар солҳои 2022-2026 ба миён гузошта шудааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамъбасти ҷаласа аъзои ҳукуматро муваззаф намудааст, ки нишондодҳои зикршуда дар паём ба парлумонро ва масоили зикршуда дар ҷаласаи ахирро дар амал татбиқ намоянд, хабар дод дафтари матбуотии президент.