Трамп Путинро оқил номиду роҳбарони Амрикоро аблаҳ

Ба гуфтаи кишвардори собиқи Амрико, раисҷумҳури Русия пас аз дидани "хуруҷи фоҷиабор"-и низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон тасмим гирифт, ки амалиёти вижаро дар Украина оғоз кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Президенти собиқи ИМА Доналд Трамп гуфт, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар робита ба вазъи Украина як раҳбари оқил аст, менависад РИА "Новости".
"Мушкилот дар он нест, ки Путин доно аст ё не. Албатта, ӯ оқил аст. Мушкилоти аслӣ дар он аст, ки раҳбарони мо аблаҳ ҳастанд, хеле аблаҳанд", - гуфт Трамп дар суҳбат бо тарафдорони худ.
Ба эътиқоди ӯ, раисҷумҳури Русия пас аз дидани "хуруҷи фоҷиабор"-и нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон тасмим гирифт, ки алайҳи Украина амалиёти вижа анҷом диҳад. Трамп ин амалиётро "ваҳшиёнае номид, ки ҳеҷ гоҳ набояд рух медод".
Русия аз 24 феврал ба ин сӯ дар Украина амалиёти низомиро идома дорад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Захарова: Равобити Русия бо Иттиҳоди Аврупо расман қатъ нашудааст
Вазорати дифои Русия таъкид мекунад, ки ҳеҷ гуна таҳдид ба мардуми осоишта вуҷуд надорад: низомиёни Русия ба шаҳрҳои Украина зарба намезананд, балки танҳо зерсохтҳои низомиро хароб мекунанд.
Рӯзи ҷумъа сухангӯи раисҷумҳур Дмитрий Песков гуфт, Маскав омодааст, як ҳайати худро барои музокирот бо Киев ба Минск бифиристад. Рӯзи шанбе Песков гуфт, ки Украина аз музокира сарпечӣ кард ва пешравии нерӯҳои Русия дар чаҳорчӯби амалиёти вижа идома дорад.