ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Аз 28 феврал то 6 март пулис муҳоҷиронро дар Санкт-Петербург месанҷад. Дар ин бора расонаҳо бо истинод ба Сарраёсати ВКД Русия дар ин шаҳр менависанд.
Нақшаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рейдҳо дар анборҳои сабзавот дар кӯчаи Софийская, воқеъ дар қисмати ҷанубии ин шаҳрро дар бар мегиранд.
Нерӯҳои амниятӣ асноди хориҷиёнро тафтиш мекунанд ва ҳамчунин афроди ғайриқонунӣ дар қаламрави кишварро боздошт хоҳанд кард.
Бори аввал нест, ки анборҳои сабзавот дар кӯчаи Софийская аз ҷониби мақомоти қудратӣ мавриди тафтиш қарор мегиранд. Ҳангоми санҷиш дар моҳи ноябри соли 2021 дар ин ҷо беш аз 130 муҳоҷир боздошт шуда буданд. Нисфи онҳо дар Русия бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ қарор доштанд.
Сабаби рейдҳо задухӯрдҳои оммавии пай дар пай миёни хориҷиён арзёбӣ мешавад. Ҳанӯз тирамоҳи соли 2021 дар анбори сабзавоте бо иштироки 20 нафар муноқишае рӯх дода буд.
Ёдовар мешавем, задухӯрдҳои оммавӣ байни хориҷиён дар Русия зуд-зуд рӯх медиҳанд. Дар робита ба ин мақомоти Федератсияи Русия борҳо дар бораи сахттар шудани ҷазо барои иштирокчиёни муноқишаҳо ва қонунгузории муҳоҷират ҳушдор додаанд.