Пардохти маоши омӯзгорон дар Кобул

Омӯзгорон дар шаҳри Кобул барои гирифтани маош аз соати шаши субҳ пушти дари бонкҳо саф мекашанд
Sputnik
Пас аз он ки омӯзгорон дар Кобул маошашонро дар суратҳисоби бонкии худ гирифтанд, онҳо аз соати шаши субҳ дар назди бонкҳо саф кашиданд, то маошашонро ба шакли нақдӣ бигиранд.
Ин омӯзгорон аз созмонҳои байналмилалӣ барои пардохти маошашон дар шароити бади иқтисодӣ изҳори сипос мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз омадани толибҳо ба сари қудрат пардохти музди меҳнати омӯзгорон қатъ шуда буд. Созмонҳои байналмилаӣӣ тасмим гирифтанд, маоши омӯзгорони Афғонистонро мустақиман, бидуни ҷалби толибҳо пардохт намоянд.