"Newsweek": Путин ҳеҷ гоҳ мағлуб нашудааст

Коршиносон мегӯянд, дар рӯзҳои наздик, баъди музокирот низоъ дар Украина ба поён мерасад ва Ғарб “зарбаи сахт” хоҳад гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Нашрияи амрикоии "Newsweek" матлаберо бо сарлавҳаи "Путин ҳеҷ гоҳ мағлуб нашудааст, ин тавр ӯ дар Украина пирӯз мешавад", нашр кардааст.
Коршиносон гуфтаанд, ки пас аз “суқути Киев” дар ин кишвар созиши сиёсӣ оғоз мегардад, ки боиси таъсиси ҳукумати дӯсту наздик ба Русия мешавад.
Ба гуфтаи онҳо, музокироти мақомоти ҳар ду кишвар боиси хурӯҷи нерӯҳо аз Украина ва поёни низоъ дар ин кишвар мешавад. Дар ин сурат ба Ғарб “зарбаи сахт” зада мешавад.
"Newsweek" менависад, ки Украина ҳеҷ гоҳ ба НАТО намепайвандад. Воқеаҳое, ки ба вуқуъ пайвастаанд, барои ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ ба монанди ҳушдоре хоҳанд буд, ки дар сурати иртиботи зич бо Ғарб онҳоро чӣ интизор аст, навиштааст ашрияи амрикоӣ.
Зеленский аз гуфтушунид бо Русия дар Беларус худдорӣ кард
Ба иттилои манбаъ аз истихборотӣ Амрико, мумкин аст, рӯзҳои наздик дар Киев ҳукумати нав ташкил шавад.
Амрико боз ба Аврупои Шарқӣ, ки дар он ҷо дар давоми асрҳо “хунрезии зиёд” шуда буд, кашида шуд.
"Newsweek" қайд кардааст, ки дар навбати худ Путин таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб мекунад, ба монанди ҳар як котиби генералии Иттиҳоди Шӯравӣ.
Рӯзнома менависад, Русия ҳоло дар маркази рӯйдодҳо қарор гирифта, қудрати низомӣ нишон медиҳаду мақоми давлати бузургро нигоҳ медорад.
Маҳдудиятҳо алайҳи Русия, ба гуфтаи таҳлилгарон, шояд ба интизориҳои Ғарб мувофиқат накунанд: Путин бар ин назар аст, ки вай кишварро “аз таҳримҳо ҳифз” кардааст.
Коршиносон мегӯянд, ки муноқиша бо роҳи музокирот нисбатан зуд хотима меёбад.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24-уми феврал амалиёти вижаи низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Ҳайати Русия барои музокирот бо Украина озими Беларус шуд
Дар як паёми телевизионӣ Путин гуфт, ки вазъият "аз мо иқдоми қатъӣ ва фавриро тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд."
Ба гуфтаи роҳбари давлат, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни кишвар хостааст, ки фармонҳои ҷиноии Киевро иҷро накунанд, силоҳҳои худро гузоранд ва ба хонаҳояшон биранванд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна зарба назадаанд: зербиноҳои низомӣ тавассути мушакҳои ҳушманд нобуд карда шуданд.
Ба аҳлии осоишта, ба гуфтаи Вазорати дифоъ, хатаре нест. Вазорати дифоъ афзуд, ки марзбонони украинӣ "ҳеҷ гуна муқовимат нишон намедиҳанд", дар бархе маворид низомиён таслим мешаванд.