Бисту ҳафт муштзани тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё иштирок мекунад

Дар ин мусобиқа 51 қаҳрамон миёни бонувону мардҳо ва 51 қаҳрамони дигар миёни наврасон муайян мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Сар аз 27 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Уммони Урдун Қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мегардад.
Бинобар хабари Федератсияи бокси Тоҷикистон, дар мусобиқаи мазкур 27 варзишгари тоҷик иштирок ва муштзанӣ мекунанд.
Манбаъ меафзояд, муҳорибаҳои финалӣ рӯзҳои 13 ва 14 март ба нақша гирифта шуда, миёни мардону бонувон 51 қаҳрамон ва ҳамзамон миёни наврасон 51 қаҳрамони дигар муайян мешаванд.
Чӯпонов ва Куканиев ҳарифони русу ӯзбеки худро шикаст доданд
Гуфта мешавад, варзишгарони 17-18-сола ҳуқуқи ширкат дар мусобиқа миёни ҷавонон ва варзишгарони 15-16-соларо доранд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарон тоҷикро дар ин сафар мураббиён Парвиз Ахмедов, Носирҷон Азимов, Ҷамшед Султонов, Мамадҷон Сулаймонов, Саидхоҷа Маъмуров, Тоирҷон Аглухов, Масрур Шобеков, Муродхон Аскаров, Хуршед Абдуллоев ва директори иҷроияи Федератсияи бокси Тоҷикистон Комрон Файзов ҳамроҳӣ мекунанд.