ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар бораи вазъияти эрониёни ҳозир дар Украина гуфт, ки то ба ин лаҳза мушкиле нест.
Вай қайд кард, ки ба далели шароити амниятии Украина имкони хориҷ кардани ҳамаи эрониён вуҷуд надорад.
Оқои Хатибзода илова кард, ки шароит дар Украина ба шакли фавқулоддае пеш меравад ва дар марҳилаи аввал талош шудааст, донишҷӯёну эрониёни муқим аз шаҳрҳои пурхатар дур шаванд.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон марҳилаи дувумро интиқоли эрониён ба марзҳои ғарбии Украина унвон кард ва афзуд: сафорати Эрон талош дорад, аз тариқи роҳи оҳан ва масирҳои дигар донишҷӯёну эрониёни муқимро хориҷ кунад ва мошинҳову имконоте истифода ҳам дар ихтиёри донишҷӯёну эрониёни муқим қарор гирифт .
Ҳамзамон оқои Хатибзода қайд кард, ки бо ҳамоҳангии сафорати Эрон дар Киев беш аз 200 донишҷӯи эронӣ бо қатор ба марзҳои ғарбӣ фиристода шудаанд.