ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Варзишгарони Тоҷикистон дар ду мусобиқаи бузурги MMA дар Русия рақибони худро шикаст доданд.
Шаби 26 ба 27 феврал дар Русия мусобиқаи АСА 136 дар майдони ССКА "Арена"-и шаҳри Маскав баргузор гардид.
Давлатманд Чӯпонов размикори тоҷик бо Михаил Балакиреви рус рақобат кард. Вазни размикорон 66,5 кило буда, муҳорибаи онҳо хеле шавқовар ва пур аз лаҳзаҳои ҳассос гузашт.
Чӯпонов, ки соли 2021 аз рақибаш сахт мағлуб шуда буд, ба ин мубориза омодагии хуб дидааст. Доварон якдилона пирӯзиро ба варзишгари 26-солаи тоҷик барои тактикаи хуб ва муборизаи муассир раво диданд.
Боз як мусобиқаи дигар дар Любертси доир гардид. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Усмонбек Куканиев намояндагӣ кард. Ҳарифи ӯ размикори ӯзбекистонӣ Қодирхон Ғаниев буд, вале аз зарби мушти намояндаи Тоҷикистон дар даври аввал мағлуб шуд. Куканиев ӯро "нокаут" кард.