Табодули паёмҳои шодбошӣ миёни президентҳои Тоҷикистону Финландия

Президентҳои Тоҷикистону Финландия ҳамдигарро бо 30-юмин солгарди барқарорсозии муносиботи дипломатӣ шодбош гуфтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои финландияш Саули Ниинистёро бо 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар табрик кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Нинистё изҳори қаноатмандӣ кард, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор дошта, имрӯзҳо дар марҳалаи рушди бомароми худ қарор доранд.
Аз амният то иқтисод: Раҳмон бо вакилони аврупоӣ чиро баррасӣ кард?
"Ҷониби Тоҷикистон алоқаманди пешбурди минбаъдаи ин раванд мебошад ва мо омодаем, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити ҳарчи бештар мусоид барои таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳамкориҳои судманди миёни ду кишвар талошҳои пайвастаи муштарак ба харҷ диҳем", - гуфт Раҳмон.
Вай дар охир ба президенти Финландия саломатии комилу комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти ин кишвар амну амонӣ хостааст.
Саули Нинистё дар паёмаш ба президенти Тоҷикстон дар баробари таманниёт, ҳамчунин ба мардум ва кишвар рушду шукуфоӣ хостааст.
Президенти Финландия изҳори боварӣ намудааст, ки дар оянда ҳамкорӣ миёни ду кишвар таҳким ва густариш хоҳанд ёфт.