ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Фурудгоҳи "Минвод" шаш парвози иловагӣ, аз ҷумла ба Душанбе роҳандозӣ мекунад.
Фурудгоҳи байналмилалии "Минералние Води" (Ставропол) рӯзи шанбе ба ҷадвали парвозҳояш хатсайрҳои иловагӣ ба як қатор кишварҳоро дохил кард.
Ин тасмим ба далели маҳдудияти парвозҳо дар чанд фурудгоҳи ҷануби Русия гирифта шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии он.
Ҳамин тариқ 6 хатсайри иловагии ширкатҳои ҳавопаймоии AZUR ба Хургада, Шарм-уш-Шайх ва ширкати ҳавопаймоии Урал ба Анталия, Намангон, Душанбе берун аз ҷадвали муқаррарӣ ба нақша гирифта шудааст.
"Фурудгоҳ рӯзи 26 феврал дар ҳолати муқаррарӣ кор мекунад, бо назардошти лағви парвозҳо 37 парвоз ба нақша гирифта шудааст", - омадааст дар хабар.
Рӯзи панҷшанбеи гузашта Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ дар бораи маҳдуд кардани парвозҳо ва баста шудани 11 фурудгоҳ дар ҷануби Русия хабар дод.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия аз 14 март шумораи парвозҳои мунтазамро ба 16 кишвар афзоиш медиҳад.
Тоҷикистон ба ин феҳрист ворид шудааст. Шумораи рейсҳои муқарраршуда дар асоси мутақобила зиёд карда мешавад.
Қаблан зикр гардид, ки Тоҷикистону Русия ҳаракати ҳавоиро ба ҳамон шуморае, ки қабл аз пандемияи коронавирус буд, пурра барқарор кардаанд. Ҳоло дар як ҳафта байни кишварҳо 120 парвоз сурат мегирад.