Қодиров гуфт, Путин бештар аз ҳама ғами мардуми Украинаро мехӯрад

Раҳбари Чеченистон қасам хӯрд, ки президенти Русия аз ҳама бештар нигарони ҳоли мардуми Украина мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон муътақид аст, ки Владимир Путин, президенти Русия беш аз ҳама дар ғами мардуми Украина аст.
Ӯ зимни як муроҷиатномаи видеоияш савганд хӯрд, ки Путин беш аз ҳама ғами Украина ва мардуми онро мехӯрад.

"Қасам мехӯрам. Инро ман шахсан шунидам, медонам ва муътақидам сад дар сад, ки чӣ қадар дар ташвиши мардуми Украина аст", - изҳор дошт Қодиров.

Президенти Чеченистон ахиран дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар Украина беш аз 10 ҳазор низомиро дар шаҳри Грозний ҷамъ овард. Ӯ изҳор дошт, ки ҳудуди 70 ҳазор ихтиёрӣ аз ин ҷумҳурӣ омодаанд, барои Русия ҷанг кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки 21 феврал Русия мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, созишномаи дӯстӣ бо онҳоро ба тасвиб расонд.
Песков аз дастури Путин барои мутаваққифсозии амалиёт ва худдории Киев аз музокирот гуфт
Дар пайи ин Путин 24 феварал аз тасмимаш барои оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дода, афзуд, ки "вазъият иқдоми фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад". Ӯ афзуд, ки Донетску Луганск барои кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Ба гуфтаи Путин Маскав нияти ғасби қаламрави Украинаро надорад, танҳо мехоҳад ҳудуди ин кишварро ғайринизомӣ созад. Путин таъкид намуд, ки дар сурати идомаи хунрезӣ масъулият ба дӯши мақомдорони Киев хоҳад буд. Вай аз низомиёни Украина даъват кард, ки дастурҳои ҷиноиро иҷро накунанд.