Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Путин ба мардуми Украина: Нагузоред, ки фарзандони шуморо сипар кунанд

Путин дар доираи ҷаласаи фаврӣ бо аъзои доимии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия ба мардуми Украина муроҷиат кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Миллатгароёни украинӣ аз мардуми оддӣ ҳамчун сипари зинда истифода мекунанд, то Русияро дар талафоти ғайринизомиён муттаҳам кунанд.
Дар ин бора Путин дар ҷаласаи фаврӣ бо аъзои доимии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия гуфт.
Раҳбари Русия дар ин дидор ба низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Украина муроҷиат карда, аз онҳо хост, ба дастури мақомоти Киев, ки мардуми одиро ба манфиати худ истифода мекунанд, пайравӣ накунанд.

"Ҳокимиятро ба дасти худ бигиред. Чунин ба назар мерасад, ки бо шумо созиш кардан барои мо осонтар аст, назар ба ин гурӯҳи нашъамандон ва милаттгароҳои ҷадид, ки дар Киев маскан гирифта, тамоми мардуми Украинаро гаравгон гирифтаанд", - даъват кард Путин.

Дар асл онҳо ҳамон тавре амал мекунанд, ки террористҳо дар саросари ҷаҳон ҳастанд, шарҳ дод сарвари давлати Русия.

"Нагузоред, ки неонатсистҳо ва бендерҳо фарзандон, занҳо ва пиронсолони шуморо ҳамчун сипари зинда истифода баранд", - даъват кард Путин аз сарбозони украинӣ.

Рӯзи 24 феврал Путин эълон кард, ки тасмим гирифтааст, амалиёти вижаи низомие барои ғайринизомӣ сохтани Украина роҳандозӣ намояд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Зеленский дурӯғ мегӯяд, ки омодааст, бетарафии Украинаро баррасӣ кунад
Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд".
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд ва аз низомиёни украинӣ даъват кардааст, ки фармонҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон бираванд.
Фаронса ваъда дод, ки амнияти Зеленскийро таъмин мекунад
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ анҷом доданӣ нестанд, балки мехоҳанд кишварро ғайринизомӣ созанд.