Мирзонабот назари президентро дар бораи вазъият дар ВМКБ баён дошт

Ҳукумат ва президенти Тоҷикистон бар инанд, ки вазъ дар ВМКБ бояд аз роҳи мусолиматомез ҳал шавад, изҳор доштааст раиси вилоят
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт, Ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон талош дорад, вазъ дар вилоят бо роҳи мусолиматомез ҳал шавад.
Дар ин бора аз қавли раиси ВМКБ нашрияи парлумонии "Садои мардум" хабар додаст. Таъкиди роҳбарият ба роҳҳали осоиштаи вазъ дар ин вилоят дар ҳолест, ки сарусадоҳо атрофи эҳтимоли гузарондани амалиёти густурдаи қудратиҳо дар Хоруғ бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва сокинони ВМКБ-ро нигарон кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Мирзонабот таъмини волоияти қонунро мушкили асосии вилоят ва махсусан Хоруғ хондааст.
Ӯ хабар додааст, ки соли 2021 дар вилоят 420 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки аз ин 367 ҷиноят ошкор шудааст. Таъкид шудааст, ки теъдоди ҷиноёт дар муқоиса ба соли 2020 108 маврид зиёд мебошанд.
Алишер Мирзонабот тавзеҳ додаст, ки "ҳанӯз соли 2018 саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар Хоруғ аҳд бастанд, ки дигар даст ба ҷиноят намезананд, вале аз соли 2018 то 2022 боз 24 ҷинояти нав аз тарафи онҳо содир гашт".
Шарҳи ҳаводиси Хоруғ: вазир гуфт, Ҳабиб Маҳмадов аз мақомоташ барканор нашудааст
Дар мавриди он ки чӣ ҷиноят содир гардидааст, маълумот ироа нашудаааст. Назари муттаҳамон низ дар бораи иттиҳомот маълум нест.
Вазъият ахиран дар ВМКБ, махсусан дар Хоруғу Роштқалъа баъди он шиддат гирифт, ки як сокини маҳаллӣ Гулбиддин Зиёбеков зимни амалиёти боздошт кушта шуду гурӯҳи сокинон бо баргузории ҳамоиши эътирозӣ таҳқиқи мунсифонаи марги ӯ ва муҷозоти гунаҳкоронро талаб намуданд.
Тавре Ёдгор Файзов, раиси собиқи ВМКБ дар як суҳбати телевизионияш тавзеҳ дод, қазия аз он оғоз гардид, ки як корманди милиса, Ҳабиб Маҳмадов барои таҳияи шиносномаи тақаллубӣ аз ҷавондухтари сокини ноҳияи Роштқалъа буз ва маблағи муайяне гирифта, корро анҷом надодааст ва баъдан духтари корафтодаро бо ёвари додистони ноҳия Абдусалом Абирзода шинос намудааст.
Суҳбатҳои Абирзода ва ҷавондухтар боиси норозигии ҷавонони Роштқалъа гардида, ки ёвари прокурорро маҷбур ба узрхоҳӣ кардаанд. Мақомот мегӯянд, ҷавонон, ки Гулбиддин Зиёбеков аз ҷумлаи онҳо будааст, Абирзодаро чанд соат гаравгон гирифтаанду латукӯб намудаанд. Ин қазия моҳи феврали соли 2020 рух дода будааст.
Ширкаткунандагони тазоҳуроти Хоруғро ба ҷавобгарӣ мекашанд? Посухи мақомот - видео
Ба иттилои мақомот, рӯзи 25 ноябри соли 2021 барои боздошти ӯ як гурӯҳ аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ рафт, аммо ӯ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, бо оташи ҷавобӣ маҷруҳ шуд. Наздикони Зиёбеков муқовимати мусаллаҳонаашро рад мекунанд ва мегӯянд, дар баданаш беш аз 7 изи тир буд.
Дар пайи кушта шудани Зиёбеков, баъди зуҳри 25 ноябр дар Хоруғ гирдиҳамоӣ бо талаби таҳқиқи марги ӯ ва муҷозоти гунаҳкорон оғоз гардид. Сокинони маҳаллӣ хабар доданд, ки дар рафти ҳамоишҳо боз ду сокини дигари мулкӣ кушта шуд.
Мақомот мегӯянд, баҳои ҳуқуқии иштирокдорони ин ҳаводисро гурӯҳи тафтишотии додситонӣ медиҳад.