ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон бовар дорад, ки буҳрони Украина муддати тӯлонӣ идома хоҳад кард ва даъват намуд, ба он омодагӣ бинанд.
"Агар ман субҳи имрӯз ба шумо чизе гуфтанӣ бошам, ин аст, ки ин ҷанг муддати тӯлонӣ идома хоҳад ёфт ... Ин буҳрон идома хоҳад кард, ин ҷанг идома давомдор ва ҳамаи ин оқибатҳои дарозмуддат хоҳад дошт", - гуфт Макрон дар нишасти солона Намоишгоҳи кишоварзии Фаронса дар ғарби Порис.
Ӯ фаронсавиҳоро даъват кард, ки ба ин буҳрон омодагӣ бинанд.
"Мо дар ҷараёни таҳияи як нақшаи устуворе ҳастем, ки аввал бахшҳои худро захира кунем ... ва посухи дарозмуддатро таъмин намоем", - афзуд раҳбари Фаронса.
Рӯзи 24 феврал Путин эълон кард, ки тасмим гирифтааст, амалиёти вижаи низомие барои ғайринизомӣ сохтани Украина роҳандозӣ намояд.
Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд".
Ин дар ҳолест, ки президенти Русия изҳор дошт, ки тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд ва аз низомиёни украинӣ даъват кардааст, ки фармонҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон бираванд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ анҷом доданӣ нестанд, балки мехоҳанд кишварро ғайринизомӣ созанд.