ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Президенти Абхазия Аслан Бжания фармонҳоро дар бораи эътирофи истиқлоли ДХР ва ЛХР имзо кард.
Дар ин хусус хадамоти матбуотии раёсатҷумҳурӣ иттилоъ додааст.
Дар муроҷиат ба ҳамватанонаш ӯ гуфтааст, ки ҷумҳурӣ вазъи Донбассро бодиққат назорат мекунад.
"Бо назардошти рӯҳияи дӯстии мо бо халқҳои ҶХД ва ҶХЛ... имрӯз ман фармонҳоро дар бораи эътирофи истиқлоли Ҷумҳурии Халқии Донетск ва Ҷумҳурии Халқии Луганск имзо кардам", — гуфт Бжания.
Президент изҳори итминон кард, ки тамоми шаҳрвандони Абхазистон аз ин тасмим ҷонибдорӣ мекунанд.
Ӯ ба хукумат супориш дод, ки барои бастани созишномаҳои байнидавлатӣ дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ бо ин ҷумҳуриҳо, инчунин дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатӣ омодагиро шуруъ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 21 феврали соли 2022 Русия истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ-ро расман ба расмият шинохт ва сипас шартномаи дӯстӣ бо ҷумҳуриҳоро ба тасвиб расонд.
Пас аз чанд рӯз Владимир Путин дар бораи тасмими баргузории амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс эълом кард ва гуфт, ки "вазъият иқдомоти қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад".
Илова бар ин, президент таъкид кард, ки ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Вай афзуд, ки нақшаҳои Маскав ишғоли қаламравҳои Украинаро дар бар намегиранд, аммо вай саъй хоҳад кард, ки ин кишварро аз ғайринизосӣ гардонад.