Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Зеленский гуфт, Украина танҳо монд

Раисҷумҳури Украина гуфт, ки таҳримҳо алайҳи Русия кофӣ нестанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки Украина танҳо мондааст.
Вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёми видеоӣ нашр карда, ки дар он мегӯяд, қудратҳои ҷаҳонӣ вазъро аз дур назорат мекунанд ва таҳримҳои як рӯзи пеш алайҳи Федератсияи Русия кофӣ нестанд.

"Имрӯз ҳам мо дар танҳоӣ аз давлати худ дифоъ мекунем. Мисли дирӯз. Нерӯҳои тавонои ҷаҳон аз дур нигоҳ мекунанд. Русияро таҳримҳои дирӯза бовар накунонд, ин кам аст", - гуфт ӯ.

Субҳи рӯзи 24 феврал раисҷумҳури Русия Владимир Путин эълон кард, ки тасмим гирифтааст, алайҳи Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом диҳад.
Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "амали қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд".
Лукашенко: Украина бохтро таҳаммул мекунад ва бояд ба Русия имтиёз диҳад
Ба гуфтаи Путин, тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Вай аз низомиёни украинӣ хостааст, ки дастурҳои ҷиноии мақомотро иҷро накунанд, силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва ба Ватан баргарданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ВКХ гуфт, ба украиниҳо дар Русия ҳеҷ чиз таҳдид намекунад
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ ва ҳавоӣ анҷом надодаанд. Вазорат итминон дод, ки мардуми осоишта дар хатар нест.
Иттилооти расонаҳои хориҷӣ дар бораи суқути ҳавопаймои русӣ дар фазои Украинаро Вазорати дифоъ рад кард.