Тағйирот дар ММТ: як донишгоҳ зам шуду шартномаи Академия арзон

Як мактаби олии Тоҷикистон маблағи шартномаашро коҳиш доду, донишкадаи дигар ба феҳристи ММТ ворид шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Маркази миллии тестии Тоҷикистон чанд тағйироти муҳимро барои довталабон дар соли таҳсили 2022-2023 эълон кард.
Дар ин бора, котиби маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон Замира Абдусаломзода ба АМИТ "Ховар" хабар додааст.
Ҳамин тавр, номи баъзе аз муассисаҳои таълимӣ тағйир ёфта, инчунин бархеи ихтисосҳо аз феҳристҳо хориҷ ва якчанд комбинатсияи ихтисосҳои нав ворид шудааст.
Тибқи тағйироти дигар, маблағи шартномаи таҳсил дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо коҳиш ёфтааст.
Вале ҳаҷми маблағи коҳишёфтаи шартнома дар академия дақиқ гуфта нашудааст.
Ҳамчунин ба низоми ИМД Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (ғайридавлатӣ) ворид карда шуд, ки комбинатсияи ихтисосҳои он низ дар маводи қаблан чопшуда мавҷуд нест.
Оғози озмуни бурсияҳо барои таҳсил дар панҷ кишвари хориҷӣ дар Тоҷикистон
Гуфта мешавад, ки тағйироти ҷадид, баъд аз нашри дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ворид гардидаанд.
Дар ин росто, ММТ ба довталабон тавсия медиҳад, ки барои интихоби ихтисосҳо аз феҳристҳое, ки дар шакли чопӣ дар ҳар нуқтаи бақайдгирӣ дастрасанд, истифода намоянд.
Нусхаи электронии феҳристҳои комбинатсияҳои ихтисосҳо дар сомонаи марказ низ бо дарназардошти тағйиру иловаҳои зикршуда ҷой дода шудаанд.
Русия боз теъдоди квотаҳо барои донишҷӯён аз Тоҷикистонро афзоиш дод
ММТ ба шахсоне, ки комбинатсияҳои ихтисосҳоро бо истифода аз гунаи чопии дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" аллакай интихоб кардаанд, тавсия медиҳад, ки бори дигар интихобҳояшонро бо истифода аз маводи нави нуқтаҳои бақайдгирӣ ё дар сомонаи Марказ ҷойдошта муқоиса намоянд.