Қосим Роҳбар дар бораи 1 хатояш, имзогузорӣ дар ҳолати мадҳушӣ, табобат ва 9 млн доллар

Раиси навтаъйини шаҳри Ҳисор қазияи пурсарусадои 9 миллион доллар ба номаш дар бонки Швейтсарияро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Қосим Роҳбар, шаҳрдори навтаъйини Ҳисор, вазири собиқи кишоварзӣ ва раиси вилояти Суғд тавзеҳ дод, ки аз куҷо ба номаш дар бонки Швейтсария беш аз 9 миллион доллар пайдо шуд.
Ахиран як Маркази пажуҳиши фасод аз вуҷуди суратҳисоби Қосими Роҳбар дар бонки Швейтсария хабар дода буд, ки аз соли 2004 то 2011 фаъол буда, дар он беш аз 8,8 млн франки швейтсарӣ, муодили 9,6 млн доллари амрикоӣ нигоҳдорӣ мешудааст.
Қосим Роҳбар дар шарҳи пайдоиши суратҳисоб ба нашрияи СССР аз теракти моҳи апрели соли 1997 дар назди Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ёдоварӣ намуда, зикр кардааст, ки он замон маҷруҳ шуда буд. Ӯ гуфтааст, тиккапораи норинҷак он замон дар танаш монда, дасташро маҷруҳ намуда, хунашро сироят ва кори ҷигарашро халалдор кардааст.
"Ҳукуматдорро сараш дард кунад, хориҷа медавад": Раҳмон дар бораи бойсозии бегонагон
Ӯ афзудаст, ки тӯли 3 сол - ҳар 6 моҳ 1 бор ба Маскав рафта, табобат мегирифтааст, вале на дасташ хуб шудаву на ҷигар ва на хунаш тоза. Баъдан ба ӯ табобат дар Аврупоро тавсия додаанд ва ӯ як шифохонаи шаҳри Венаро интихоб намудааст.
"Клиникаи аврупоӣ ҳам кафолати шахсеро талаб мекарду ҳам бояд ҳисоби бонкии аврупоӣ мешуд. Тавре маълум аст, клиникаҳои аврупоӣ бидуни ҳисоби бонкӣ бемор қабул намекунанд. Он вақт ман чунин имкониятро надоштам", - гуфтаст шаҳрдори Ҳисор.
Вай таъкид намудаст, ки дар он вазъ ба кумакаш як соҳибкори хориҷӣ, шаҳрванди Австрия расидааст, ки солҳо дар вилояти Суғд ба сармоягузорӣ машғул будааст. Ташхису табобати аввала дар Вена низ бенатиҷа анҷомидаст ва ба гуфтаи Қосим Роҳбар, ӯ соли 2003 ба 1 табиби дигар дар Вена муроҷиат кардааст.

"Соҳибкор дубора ба кумакам омада, боз кафили ман шуд. Дар ҳолати мадҳушӣ қарор доштам, ки ӯ чанд ҳуҷҷатро барои имзо овард. Ҳуҷҷатҳо бо забони англисиву немисӣ буданду ман ба онҳо дуруст аҳамият надода, имзо гузоштам ва нусхаи шиносномаамро ҳам додам", - изҳор дошт ӯ.

Вай афзуд, то ҷойе огаҳӣ дорад, ба номаш дар ин клиника суратҳисоби бонкӣ кушода, харҷи табобаташро аз пули худаш пардохт карда буд.
Қосим Роҳбар гуфт, танҳо дар соли 2007 фаҳмидааст, ки ин соҳибкор ба вай хидмати хирсона кардааст.
"Мавсуф, ки қаблан барои қаллобияш зери назорат будааст, тавассути суратҳисоби ба номи манкушода пулҳои худро гузаронида, тиҷораташро дар Тоҷикистон давом дода, боз чанд нафари дигарро ҳам фиреб додааст. Чун пулашро гирифта наметавонад, ҳар гуна хабар паҳн мекунад", - таъкид кард шаҳрдор.
Ӯ илова намудааст, ки боре ҳам тавассути ин суратҳисоб додугирифти бонкӣ накардааст, на пул ворид кардаасту на гирифтааст. Ба гуфтаи Роҳбар, ин соҳибкор феълан дар ҷӯстуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.
Маорифу тандурустӣ дар Суғд аз нақша камтар пул гирифтанд
Қосим Роҳбар изҳор кардааст, ягона хатояш ин буд, ки ҳамсафар ва кафили хатокор интихоб намуда будааст.
Дар мавриди беморияш вазири кишоварзии собиқи Тоҷикистон гуфтаст, ки аз соли 2007 то 2017 дар Олмон муолиҷа гирифта, сирояти хун ва ҷигар пурра шифо ёфтаст ва тамоми ҳуҷҷатҳо дар ин бора дар беморхонаи ҳукуматӣ маҳфузанд. Аммо дасташ ҳамоно пурра сиҳат нашудаасту тиккапораи граната низ ҳамоно дар баданаш аст.
Қосим Роҳбар таъкид намудааст, ки дар ҳар вазифае ҳамеша содиқона меҳнат кардааст ва агар кори баде мекард, ҳич гоҳ ба вазифаҳои баланд таъйинаш намекарданд.
Маврид ба зикр аст, ки ӯ ахиран иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҳисор таъйин гардид. Қосим Роҳбар дар гузашта дар мақоми раиси шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд, вазири кишоварзӣ ва раиси Кумитаи рушди маҳалли назди раисҷумҳур кор карда буд.