ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Шаҳрвандоне, ки дар сӯхтор дар ноҳияи Курагини сарзимини Красноярск ба ҳалокат расидаанд, шаҳрванди Тоҷикистон нестанд, хабар додааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.
“Хабари нашркардаи як қатор расонаҳои Русия дар бораи кушта ва захмӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар натиҷаи сӯхтори се вагон дар ноҳияи Курагинскии сарзамини Красноярски Русия, ки рӯзи 24 феврали соли 2022 мунташир шудааст, дуруст нест”, - таъкид кардааст сафорати Тоҷикистон.
Ба иттилои консулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосибирск, фавтидагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд.
Ёдрас менамоем, ахиран расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки бар асари як сӯхтор дар ноҳияи Курагинскии Красноярск чаҳор нафар ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Расонаҳо мегуфтанд, маҷруҳон ва ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буданд. Додситонии минтақа аз оғози тафтишот дар ин хусус хабар дод.
Дар Сарраёсати вилоятии Кумитаи тафтишотӣ дар бораи боз кардани парвандаи ҷиноӣ дар робита ба марг аз хунукназарӣ хабар доданд.
Тахмин меравад, ки сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ, беэҳтиётӣ дар робита ба истифода аз оташ будааст.