Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор дар роҳҳои кишвар хабар медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ боиси марги кӯдаки 10-сола шуд.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин ҳодисаи нохуш нисфирӯзии 24-уми феврал, тахминан соати 13:00 рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ронандаи худрави "Опел-Зефира", сокини 27-солаи ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Дар ҳамин ҳол ронанда пиёдагарди ноболиғи 10-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст.

"Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи дигари нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар пайи он ронандаи трактор ҷон бохтааст.
Сари чамбарак зани ҷавон буд: шарҳи садамаи мудҳиши маргбор дар роҳи Душанбе – Хуҷанд
Гуфта мешавад, ки ронандаи трактори тамғаи МТЗ-80, сокини 28-солаи ноҳияи Ш. Шоҳин ҳангоми ҳаракат дар роҳ, дар наздикии деҳаи Чорчашмаи ноҳияи мазкур бинобар сабаби зиёд будани барф лағжида, ба чуқурии 10-метрӣ чаппа шудааст.
Дар натиҷа ронандаи трактор дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нигаронии мақомоти Хатлон аз афзоиши садамаҳо ва шумори ҷонбохтаҳо
ВКД мегӯяд, дар робита ба ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.