Русия боз теъдоди квотаҳо барои донишҷӯён аз Тоҷикистонро афзоиш дод

Миқдори квотаҳои иловагӣ барои донишҷӯёни Тоҷикистон дар ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳҳои Русия боз беш аз 200 ҷой афзуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Русия дар соли нави хониш шумораи квотаҳо барои донишҷӯёни тоҷикро боз афзоиш додааст.
Дар ин бора ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон раиси кумитаи Шӯрои федератсия дар умури илм, маориф ва фарҳанг Лилия Гумерова иттилоъ дод.
Ин масъала аллакай дар чаҳорчӯби Форуми байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои байниминтақавӣ, ки дар Душанбе ҷараён дорад, матраҳ шудааст.
"Масъалаи ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додани квота барои донишҷӯён аз Тоҷикистон то ҳазор нафар ҳал шудааст", - гуфт Гумерова.
Қобили зикр аст, ки қаблан теъдоди квота барои донишҷӯён аз Тоҷикистон дар Русия ба 750 ҷой мерасид.
Илова бар ин, ба гуфтаи вай, ҷонибҳои Тоҷикистон ва Русия дурнамои минбаъдаи рушди таҳсилоти миёнаи касбиро низ баррасӣ кардаанд.
"Ин ба он ҷавононе, ки мехоҳанд дар Русия кор кунанд, имкон медиҳад, ки на танҳо барои кори ғайритахассусӣ, балки тавассути қарордодҳои мушаххас бо донишгоҳу коллеҷҳо оянд, соҳиби ихтисос шаванд ва забон омӯзанд", - хулоса кард вай.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Ба мо интихоби дигар нагузоштанд": Матвиенко аз амалиёти вижаи Русия дар Украина гуфт
Гумерова афзуд, ки кӯдакон ҳатто аз мактаб бояд дониши хуби забони русӣ гиранд, ки ин ба онҳо имкон медиҳад, то дар оянда, пас аз хатми таҳсил ба идомаи омӯзиш дар риштаҳои тахассусӣ умед банданд.
"Мо бо намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон суҳбат кардем. Бо як қатор субъектҳои Федератсияи Русия созишномаҳои мушаххас баста шудааст. Бевосита бо коллеҷу донишгоҳҳо, то омодагӣ аз мактабҳо оғоз шавад", - гуфт раиси Кумитаи Шӯрои федератсия дар умури илм, маориф ва маданият.