Даврони бад барои рубл: идомаи коҳиши арзиши арзи русӣ дар Тоҷикистон

Қурби пули русӣ дар ҳама бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ҳолати ноустувориро нишон медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар боз коҳиш ёфта ва ҳоло 1000 рубл 133 сомонӣ арзиш дорад.
Ин ниҳод давоми як шабонарӯзи гузашта қурби пули русиро дар баробари асъори миллӣ то 8 сомонӣ поин овардааст.
Қурби рубл охирин бор ба ҳадди ниҳоӣ тирамоҳи соли 2021 боло рафт, ки он замон 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дошт.
Ин асъор пас аз ҳаводиси ахири сиёсӣ ва ҷорӣ шудани таҳримотӣ ғарб якбора поин зад.
Бо доллар дар соли 2022 чӣ мешавад: пешгӯии дақиқи иқтисоддонҳо
Ҳамин тариқ дар бонки "Эсхата" ва "Спитаменбонк" бар ивази 1000 рубл 132 сомонӣ медиҳанд.
Аммо аз ҳама қурби пасттар дар "Алифбонк" аст, ки дар ин ҷой 1000 рублро бар ивази 130 сомонӣ мехаранд.
Арзиши асъори аврупоӣ низ дар ҳоли коҳишёбист.
Ду умедворкунандатарин арз дар ҷаҳон гуфта шуд
Ҳоло дар бозори арзи кишвар бар ивази як евро 12.6334 сомонӣ медиҳанд, ки дар баробари рӯзи қаблӣ (12.8165) боз коҳиш ёфтааст.
Охирин нишондиҳандаи баланди пули аврупоӣ рӯзи 14-уми январ сурат гирифт, ки 1 евро то 12.9577 сомонӣ боло рафта буд.
Қурби пули амрикоӣ ҳамоно устувору бетағйир аст. Арзиши як доллар дар Тоҷикистон ҳоло ба 11,30 сомонӣ баробар аст.