Расулзода бо раҳбари ширкати "Балтика групп"-и Русия имкони сармоягузориро баррасӣ кард

Сарвазири Тоҷикистон мегӯяд, кишвар барои сармоягузорӣ ва таъсиси коргоҳҳо шароити хуб фароҳам кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо директори генералии Ширкати нассоҷии "Балтика Групп"-и Федератсияи Русия Михаил Бочаров мулоқот намудааст.
Дар ин мулоқот Расулзода бо Бочаров таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии муштарак, сармоягузорӣ, коркарди ниҳоии маҳсулот ва дар маҷмуъ тақвияти ҳамкориҳо дар ин самтро баррасӣ кардаанд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон имкони хуби сармоягузорӣ дошта, барои рушди бахши хусусӣ ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ дар заминаи саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ва таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар соҳаи саноату сармоягузоррӣ имкони созгор фароҳам сохта, татбиқи якчанд имтиёзро ба роҳ мондааст.
Расулзода гуфтааст, ки Тоҷикистон имкони хуби истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишорвазиро доро буда, ба василаи то сатҳи ниҳоӣ коркард намудан ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, баланд гардидани сатҳи некуаҳволӣ ва дар маҷмуъ, ба рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад.
Коренков гуфт, чӣ сармоягузоронро аз ба Тоҷикистон омадан метарсонад
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир як ҳайати Русия дар раъси раиси Шӯрои Федератсияи ин кишвар Валентина Матвиенко дар Тоҷикистон қарор доранд, ки миёни намояндагони бахшҳои ду кишвар ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баррасӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, қаблан Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия бо шарҳи "тарс"-и сармоягузорон аз вуруд ба Тоҷикистон гуфта буд, яке аз мушкилоти аслии пешорӯи ширкатҳои русии фаъол қаламрави Тоҷикистон вижагиҳои қонунгузории андоз аст.
Вай тавзеҳ дод, ки сарбории андоз барои саноеи истихроҷ дар Тоҷикистон беш аз 50 дарсад аст ва ин дар навбати худ сармоягузорони бузургро аз ҳамкорӣ бозмедорад.