ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Сарраёсати меъмории шаҳри Душанбе тарҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-ро дар кӯчаи Қаҳҳорови ноҳияи Сино муаррифӣ намуд.
Ба иттилои манбаъ, мактаби ҷадид барои 3500 хонанда дар ду баст бунёд мегардад ва қарор дар бораи сохтмони онро аллакай шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ имзо кардааст.
Фармоишгари бунёди бинои нав ширкати "Сарманзил" буда, тарҳи онро корхонаи лоиҳакаш дар якҷоягӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, марҳила ба марҳила дар кишвар бунёди кӯдакистону мактабҳои панҷошёна оғоз мешавад.
Раиси Кумитаи меъморӣ далели рӯй овардани мақомот ба бештар кардани ошёнаҳои кӯдакистону мактабҳоро ба камбуди замин рабт дод. Замин кам аст, ки чун пештара мактабу кӯдакистонҳои ду- сеошёна бунёд шаванд, афзуд ӯ.
Феълан ба иттилои мақомоти маорифи Тоҷикистон бисёре аз биноҳои макотиб дар ҷумҳурӣ, лойию гилӣ ва биноҳои финӣ ҳастанд, ки ҳанӯз солҳои 20, 30, 40 ва 50 –уми асри гузашта сохта шудаанд ва бояд бозсозӣ гарданд.