Хатари фаромадани тарма дар ВМКБ ва Хатлон: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон хатари фаромадани селу тарма ва баландшави сатҳи об пешгӯӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма дар назар аст.
Дар ин бора Ожонси ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Хатлон низ хавфи фаромадани сел ва дар ҳавзаи дарёҳои Ёхсӯ ва Қизилсӯ (ҷанубӣ) баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Тибқи гузориши ҳавошиносони тоҷик, дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, асосан бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа сард, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, танҳо шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи суст меборад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи водигӣ борон, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ баъзан бориши борон ва барфи тар, дар ноҳияҳои алоҳида борон бошиддат борида меғ мефарояд.
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат, шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва барф пешгӯӣ мешавад.
Шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо тормеғ фаромада, рӯзона дар водиҳо раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат мебораду меғ мефарояд.
Ҳаво шабона 1-3 дараҷа гарм, рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.