ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Фаронса метаовнад дар сурати таҳдид ба амнияти Зеленский ба ӯ кумак кунад.
Дар ин бора РИА Новости бо такя ба суханони вазири корҳои хориҷии Фаронса Жан-Ив Ле Дриан хабар медиҳад.
"Амнияти ... Зеленский дар маркази ҳодиса аст ва мо метавонем ба ӯ дар ҳолати зарурӣ кумак кунем.", - гуфт Ле Дриан дар суҳбат бо радиои France Inter.
"Мо қароре қабул хоҳем кард, ки зарур аст", - гуфт вазир дар посух ба ин суол, ки оё ин кумак маънои ихроҷи Зеленский аз Украинаро дорад?
Субҳи рӯзи панҷшанбе раиси президенти Русия Владимир Путин эълом кард, ки тасмим гирифтааст, амалиёти вижаи низомӣ барои безарарсозии Украинаро анҷом диҳад.
Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши виҷдони режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Вай аз низомиёни украинӣ даъват кард, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон баргарданд.
Баъдан вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ анҷом намедиҳад: зербиноҳои низомӣ, иншооти дифои ҳавоӣ, фурудгоҳҳои низомӣ ва авиатсия аз силоҳҳои дақиқ бекор карда мешаванд. Вазорат итминон дод, ки мардуми осоишта дар хатар нест.
Тақрибан ду соат баъд вазорати дифоъ афзуд, ки марзбонони Украина “ҳеҷ муқовимат нишон намедиҳанд”, системаҳои дифои ҳавоии Украина саркӯб карда шудаанд ва зерсохтори низомии пойгоҳҳои ҳавоии низомӣ корношоям шудаанд.
Иттилооти расонаҳои хориҷӣ дар бораи ҳавопаймои русӣ, ки гӯё дар фазои Украина суқут кардааст, вазорати ҳарбӣ рад кард.