ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ҳусейни Ҷаҳонӣ, мудири кулли равобити умумии ҳавопаймоии Эрон ахиран гуфтааст, ки ҳавопаймоҳои ширкати “Ҳумо” бо дарёфти иҷозатнома омода ҳастанд, парвозҳои фавқулоддаро барои хуруҷи эрониён аз Украина ба роҳ монанд.
Вай афзуд, Эрон ҳеҷ парвозе бо Украина надорад, аммо барои бозгардондани эрониён аз ин кишвар дар сурати тақозо ва ихтисоси муҷавизи парвоз омодагии комил дорад.
Дар ҳамин ҳол, Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ахиран гуфт, аз лаҳзаи танишҳо дар Украина ситоди мудирият дар Вазорати умури хориҷи ташкил шуд.
Дар ин шаройт Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷии Эрон низ дар тамоси телефонӣ бо Манучеҳри Муродӣ, сафири Эрон дар Киев тавсияҳои лозим дар хусуси эрониёни муқим, хусусан донишҷӯёну эронии шоғил дар Украина ва зарурати ироаи хадамоти 24 соатаи сафорат ба ҳаммеҳанони муқимро муҳим донист.
Ёдрас менамоем, ки 24 феврали соли равон Владимир Путин раисҷумҳрии Русия фармони оғози амалиёти низомии вижаи ин кишвар барои муҳофизат аз Донбассро содир кард.
Владимир Путин ҳушдор дод, масулияти ҳар гуна хунрезии эҳтимолӣ бар дӯши давлати Украина хоҳад буд.
Амалиёти вижаи низомии Русия дар манотиқи мухталифи Украина оғоз шуд ва Вазорати дифои Русия эълом кард, танҳо зерсохтҳои низомӣ ва фурудгоҳҳои Украина ҳадафи ҳамалот қарор мегиранд, шаҳрҳои ин кишвар бомборон нахоҳад шуд ва мардуми осоишта нигарон набошанд.