ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Русия бо дархости Тоҷикистон дар кишвар зиёд кардани шумораи муаллимони забони русиро пешбинӣ кардааст.
Дар ин бора раиси Кумитаи илм, маориф ва фарҳанги Шӯрои Федератсия Лилия Гумерова ба Sputnik Тоҷикистон дар Анҷумани байнипарлумонии ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе хабар дод.
Ба гуфтаи вай, барои сафар дар чаҳорчӯби ҳамоиши минтақаҳои Русия ва Тоҷикистон омодагии зиёд дида шуд.
"Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи мо "Муаллими рус дар хориҷа" дар Тоҷикистон ба сатҳи нав баромада истодааст ва имрӯз дар ҷумҳурӣ 48 нафар аз омӯзгорон фаъолият мекунанд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, як нишасти муҳими дигаре низ дар назар аст, ки дар он тамоми таҳаввулоти мавҷуда баррасӣ хоҳанд шуд.
Илова бар ин раиси Шӯрои федератсия Валентина Матвиенко низ бо омӯзгорон мулоқот хоҳад кард. Маҷмуи масъалаҳое, ки бояд дар оянда кор карда шаванд, муҳокима карда мешаванд.
"Мавзуи бунёди панҷ мактаб ба ин масъала зич алоқаманд аст. Ҳама ҳуҷҷатҳо аллакай имзо шудаанд, сохтмон оғоз шудааст. Имрӯз имкон пайдо мешавад, ки ба таври воқеӣ пайгирӣ кунем, ки сохтмон чӣ гуна идома дорад, кадом саволҳо вуҷуд доранд ва чӣ гуна бояд то 1 сентябр мактабҳо дарҳои худро ба рӯи кӯдакон боз кунанд”, - афзуд ӯ.
Илова бар ин, ба гуфтаи вай, ҷонибҳои Тоҷикистону Русия аллакай дурнамои рушди таҳсилоти миёнаи касбиро баррасӣ кардаанд.
"Масъалаи ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додани квота барои донишҷӯён аз Тоҷикистон то ҳазор нафар ҳал шуд", - гуфт Лилия Гумерова.