ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар як дидор бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл масоили дорои аҳамияти стратегӣ барои рушди иқтисоди кишварро баррасӣ карданд.
Вазири саноат зимни ин дидор қайд кардааст, ки Тоҷикистон барои рушди саноат ва фанновариҳои нав дар бахшҳое, назири пахтакорӣ, истихроҷи маъдан, саноати хӯрокворӣ ва сабук зарфияти кофӣ дорад.
Вазири тоҷик зимни мулоқот қайд кард, ки муҳимтарин захираи Тоҷикистон мардуми он аст.
“Қариб 70 дарсадии аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Бо назардошти ин пешниҳод шудааст, ки барои таҳияи фанҳои мубрам, аз қабили “Технологияҳои иттилоотӣ” ва “Зеҳни сунъӣ” бо истифода аз усулҳои муосири таълим ва таҷҳизоти технологӣ курсҳои омодагӣ ташкил карда шаванд”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Ҳамчунин дар дидори вазири саноати Тоҷикистон бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя дар бунёди марказ ва паркҳои технологӣ низ баррасӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон солҳои 2022-2026-ро солҳои рушди саноат эълон намуда, роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистонро вазифадор намудааст, ки иҷрои муҳимтарин вазифаҳои стратегиро таъмин намояд.
Қарор қабул шуд, ки бо мақсади омода намудани харитаи роҳ барои татбиқи лоиҳаҳои ояндадор ва судманд гурӯҳи кории муштараки Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар Тоҷикистон ва намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон таъсис дода шавад.