Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Украина равобити дипломатиро бо Русия қатъ кард

Раисҷумҳури Украина дар суҳбат бо рӯзноманигорон дар бораи равобити дипломатӣ бо Русия изҳорот дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, ки Киев равобити дипломатиро бо Маскав қатъ мекунад.
"Мо муносибатҳои дипломатиро бо Русия қатъ кардем", - таъкид кард раҳбари Украина.
Президенти Русия Владимир Путин қаблан эълон карда буд, ки амалиёти вижаи низомиеро дар Донбасс роҳандозӣ мекунад.
Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "амали қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд".
Ба гуфтаи Путин, тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд.
Раҳбари Русия аз низомиёни украинӣ хост, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва ба хона баргарданд.

Вазъият дар Донбасс

Ҳафтаҳои ахир вазъ дар Донбасс тезутунд шуд: Киев қисми зиёди артишро мутамаркиз кардааст ва бо истифода аз таҷҳизоти мамнуъ пайваста ба сӯйи низомиён тир холӣ мекунад.
Ба далели таҳдиди таҷовуз аз Украина ба ҶМД ва ҶМЛ, эвакуатсияи занону кӯдакон ва пиронсолон ба минтақаҳои Русия шуруъ шуд.
ҶМЛ: Низомиёни Украина аз ҷанг даст мекашанд
Дар ин зимн басичи умумӣ эълон гардид. Дар чунин вазъият 19 феврали соли ҷорӣ роҳбарони ҷумҳуриҳо бо хоҳиши эътирофи истиқлоли худ ба раҳбари Русия муроҷиат карданд.
Путин рӯзи 21 феврал дар як паёми телевизионӣ гуфт, ӯ зарур мешуморад, ки соҳибихтиёрии ҶМД ва ҶМЛ фавран эътироф карда шавад ва фармонҳои зидахлро имзо кард.
Путин супориш дод, ки дар ин манотиқ сулҳу осоиш таъмин шавад.
Тавре кишвардори Русия шарҳ дод, ӯ ба далели ин чунин тасмим гирифтааст, ки Украина ба ҷуз аз роҳи низомӣ роҳи дигари ҳалли низоъ дар Донбассро эътироф намекунад.