ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Украина феълан вазъ муташшаниҷ аст.
Субҳи рӯзи 24 феврал кишвардори Русия Владимир Путин дар як паёме аз тасмими худ дар мавриди оғози амалиёти низомӣ дар Донбасс хабар дод. Ҳоло дар Украина ҳолати ҷангӣ эълон шудааст.
Дар ҳамин ҳол Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва ҳамзамон сафорати Тоҷикистон дар Украина ба тоҷикистониёне, ки дар қаламрави ин кишвар қарор доранд, муроҷиат намудаанд.
Дар муроҷиатномаи ин ду ниҳод аз шаҳрвандони Тоҷикистон дархост шудааст, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои оперативиро қатъан риоя намоянд.
Илова бар ин аз онҳо дархост шудааст, ки "сабур бошед ва то ҳадди имкон аз манзилҳои худ берун наравед".
Сафорат теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Украинаро нагуфтааст, балки танҳо зикр намудааст, ки дар сурати пайдо шудани мушкилот аз тариқи хатти алоқаи доимӣ, рақами телефони +380933361040 муроҷиат кунанд.