Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Президент сардори милисаи ВМКБ-ро барканор кард: ҷояшро кӣ гирифт?

Президенти Тоҷикистон сардори Раёсати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ВМКБ-ро аз вазифа сабукдӯш кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз мақомаш озод ва сардори нави РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Шариф Назарзода Мирзомуродзода Рустам Тағоймуродро, ки аз моҳи майи соли 2020 дар мақоми сардори Раёсати умури дохилии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият мекард, иваз кард.
Бояд гуфт, моҳи ноябри соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон ба Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод рутбаи генералӣ дода буд.
Ҳамчунин хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон аз тағйироти кадрӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ, сохторҳои ин ниҳод дар ВМКБ ва чанд вилояту шаҳру ноҳияи дигар хабар дод.
Президент ба сардори милисаи ВМКБ рутбаи генералӣ дод
Ҳамин тавр дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Темурмалик ва Шаҳритӯси вилояти Хатлон, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва сохторҳои марказии Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд таъйин гардиданд.
Президент муовини Рамазон Раҳимзодаро аз мақомаш барканор кард
Дар ин росто Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳо дар Вазорати корҳои дохилӣ таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканиҳо, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуда, таъкид намудааст, ки кадрҳои ҷавону болаёқат бо таваҷҷуҳ ба таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд.
"Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хидмат намоед" — иброз кардааст Эмомалӣ Раҳмон.