Рақибони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё муайян шуданд

Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев - Sputnik. Ҳарифони мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 аниқ шуданд.
Бар асоси қуръакашӣ, Қирғизистон, Мянма ва Сингапур ҳарифони миллипӯшони Тоҷикистон шуданд.
Мавриди зикр аст, ки маросими қуръакашӣ 24 феврал дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала Лумпур (Малайзия) барпо шуд.

Дар натиҷаи қуръакашӣ 6 гурӯҳи иборат аз 4-дастаӣ таъсис ёфт. Мунтахаби Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо Қирғизистон, Мянма ва Сингапур бозӣ мекунад.
Бозиҳои гурӯҳи “F” дар як давр 8, 11 ва 14 июн дар Бишкек баргузор мешаванд.

Дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023, ки дар Чин ба нақша гирифта шудааст, 24 даста иштирок мекунанд.
Мушкили асосии варзиши тоҷик гуфта шуд: пешниҳод барои ниҳоди нав
13 даста дар натиҷаи бозиҳои марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 иштирокашонро дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 таъмин намуданд: Чин (мизбон), Сурия, Австралия, Эрон, Ироқ, Арабистони Саудӣ, Қатар, Уммон, Ҷопон, АМА, Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Лубнон.

24 дастаи дигар дар марҳилаи интихобӣ барои 11 роҳхат талош мекунанд. Ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 ғолибони 6 гурӯҳ ва 5 дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо бо нишондоди беҳтар роҳхат мегиранд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023:

Гурӯҳи "А": Урдун, Кувайт (мизбон), Индонезия, Непал.

Гурӯҳи "В": Фаластин, Филиппин, Яман, Муғулистон (мизбон).

Гурӯҳи "С": Узбекистон (мизбон), Тайланд, Малдив, Шри-Ланка.

Гурӯҳи "D": Ҳиндустон (мизбон), Ҳонгконг, Афғонистон, Камбоҷа.

Гурӯҳи "Е": Баҳрайн, Туркманистон, Малайзия (мизбон), Бангладеш.

Гурӯҳи "F": Қирғизистон (мизбон), ТОҶИКИСТОН, Мянма, Сингапур.