Президент муовини Рамазон Раҳимзодаро аз мақомаш барканор кард

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Ин дафъа раисҷумҳур ҷобаҷогузории кадрҳоро дар ВКД анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Тибқи қарори раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар Вазорати корҳои дохилаи кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Мувофиқи он, Ҳамидзода Бароталӣ Партов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муованати вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд.
Тибқи иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, ҳамакнун Ҳамидзода ба вазифаи раҳбари Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъйин шудааст.
Ёдовар мешавем, Ҳамидзода Бароталӣ ба ин вазифа аз моҳи октябри соли 2020 расида буд.
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Президент сардори милисаи ВМКБ-ро барканор кард: ҷояшро кӣ гирифт?
Ҳамчунин дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ВМКБ, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Темурмалик ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва сохторҳои марказии Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд таъин гардиданд.
Зимни мулоқот бо кадрҳои навтаъйин президент аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун ёдовар шуда, таъкид намуд, ки кадрҳои ҷавону болаёқат вобаста ба таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд.
“Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хидмат намоед”, - таъкид кардааст президент.