ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Қисми ҳарбии аскарони пиёданизоми Украина ба тарафи Ҷумҳурии Мардумии Луганск гузашт.
Дар ин бора милитсияи мардумии ин ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Сарбозони бригадаи 57-уми пиёдагарди нерӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳҳои худро ихтиёран ба замин гузошта, ба тарафи Ҷумҳурии Мардумии Луганск (ҶМЛ) гузаштанд.
Ёдовар мешавем, ки 21 феврали соли 2022 Русия истиқлоли ҶМД ва ҶМЛ-ро ба расмият шинохт ва сипас шартномаи дӯстӣ бо ин ҷумҳуриҳоро ба тасвиб расонд.
Пас аз чанд рӯз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз тасмими баргузории амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс хабар дод ва қайд кард, ки “вазъият иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад”.
Илова бар ин президент таъкид кард, ки ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кӯмак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Вай афзуд, нақшаҳои Маскав ишғоли қаламравҳои Украинаро дар бар намегиранд, аммо вай саъй хоҳад кард, ки ин кишварро аз ҳарбиён холӣ кунад.
Президенти Русия Владимир Путин эълом кард, дар Донбасс амалиёти вижаи низомӣ гузаронида мешавад. Дар як муроҷиати телевизионӣ ба шаҳрвандони кишвар ӯ гуфт, ки вазъият "амали қатъӣ ва фаврӣ" тақозо дорад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Мувофиқи моддаи 51, қисми 7, қарори СММ Шӯрои федератсия дар асоси шартномаҳои дустӣ ва ёрии ҳамдигарӣ бо ҶМД ва ҶМЛ, ки аз тарафи Ассамблеяи Федеративӣ тасдиқ карда шудаанд, дар бораи гузаронидани амалиёти низомӣ қарор қабул кард.