Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Путин: Масъулияти хунрезӣ ба дӯши ҳукумати феълии Украина аст

Кишвардори Русия Владимир Путин дар паёми навбатии худ аз тасмими анҷом додани амалиёти низомӣ дар Донбасс гуфт
Sputnik
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин тасмим гирифт, ки дар Донбасс амалиёти вижаи низомӣ роҳандозӣ намояд. Дар ин бора роҳбари Русия субҳи рӯзи 24 феврал дар паёми худ ба мардум изҳор дошт.
Ба таъкиди Владимир Путин, масъулияти хунрезӣ дар ин кишвар бар дӯши ҳукумати феълии Украина аст.
Аз ин рӯ кишвардори Русия дар паёмаш аз низомиёни украинӣ даъват намуд, ки дастурҳои ҷиноии мақомотро иҷро накунанд ва баръакс силоҳи худро ба замин гузоранд.
Путин амалиёти вижаи низомӣ дар Донбассро эълон кард
Президент ҳамчунин зикр намуд, вазъияти мавҷуд тақозо мекунад, ки Русия чораҳои қатъӣ ва фаврӣ андешад.
Қаблан сарони ҶМЛ ва ҶМД Денис Пушилин ва Леонид Пасечник ба раҳбари Русия муроҷиат карда, хостори мусоидат барои рафъи таҷовузи нерӯҳои мусаллаҳи Украина шуданд.
Дар ҳамин ҳол шаби 21 ба 22 феврал раисҷумҳури Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганскро расман эътироф кард.
Вилояти Ростов аввалин шуда гурезаҳоро қабул кард. Дар як муддати кутоҳ вилоятҳои Воронеж, Новгород, Курск, Липетск ва Рязан ба ин раванд пайвастанд, вилоятҳои дигар бошад, барои ёри расондан ба муҳоҷирон омодагии худро изҳор карданд.