КҲФ вазъи роҳи Хоруғ - Ишкошимро тавзеҳ дод: Боришоту тармафароӣ зиёд аст

Кумита тавзеҳ дод, ки бо вуҷуди тармафароии зиёд дар рӯзи ахир, хушбахтона, талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ сабт нагардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Роҳи мошингарди Хоруғ Ишкошим зери хавфи тармафароӣ қарор дорад.
Бинобар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, рӯзи гузашта дар ин масир тармафароии зиёд сурат гирифтааст.
Нисфирӯзи 23 феврал дар километри 29 -и мавзеи Барчадефи ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳ Шаҳбози ноҳияи Шуғнон тарма фаромадааст, ки дар натиҷа роҳи мошингарди Хоруғ - Ишкошим муваққатан масдуд шудааст.
Барои тоза намудани роҳ аз тарма як адад техникаи муҳандисӣ, техникаи боркуни фронталӣ ҳидоят шуда, соати 20:42 дақиқа роҳ пурра боз гардид.
Ҳушдори обуҳавошиносон аз хавфи фаромадани тарма
Ҳамчунин дар километрҳои 42, 43 -и мавзеи Ирғазор, километри 48 -и мавзеи Сист, километри 51-мавзеи Бижури деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим тарма фаромада роҳҳоро бастааст.
Манбаъ аз қавли навбатдори фаврии Раёсати КҲФ дар ВМКБ хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар километри 558-и мавзеи Синслаи ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшон тарма шоҳроҳи Душанбе - Хоруғро муваққатан баст.
Гуфта мешавад, феълан ин масир боз аст, вале хатари фаромадани тарма ҳамоно ҷо дорад.
КҲФ аз тамоми шаҳрвандону меҳмонон ва ронандагон дархост намудааст, ки бидуни зарурат ба минтақаҳоӣ кӯҳӣ сафар накунанд.