ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Нахустин гузоришҳо дар бораи фаъол шудани ҶММА ва толибон дар дараи Панҷшер миёнаҳои моҳи феврал пайдо шуд.
Амруллоҳ Солеҳ, муовини собиқи Ашраф Ғанӣ ва президенти худхондаи Афғонистон дар "Твиттер" гуфт, чандсад сарбоз бо ҳамроҳии коршиносони хориҷӣ вориди Панҷшер шудаанд.
Ҳамзамон толибон аз сокинони маҳаллӣ даъват кардаанд, ки хонаҳои худро тарк накунанд. Даври нави муқовимат рӯзи душанбеи 21 феврал оғоз шуд. Ҳавопаймоҳо дар осмони Панҷшер мушоҳида шуданд.
Пас аз он чархболҳо дар минтақаи Ҳиндукуш ба чашми дурбин афтодаанд. Толибон аз маҳв ва асорати чанд тан аз мухолифон хабар доданд, аммо ҷабҳа ин хабарҳоро рад кард.
Ҷолиб он аст, ки дар аввал 10 чархбол мушоҳида мешуд, вале баъдан, аснои баргашт шоҳидон онҳоро 9 ададро ҳисоб карданд. Дар бораи талаф ё тахриби ҳавопаймоҳо на толибон ва на намояндагони Ҷабҳаи муқовимат хабар надодаанд.
Дар ҳамин ҳол "Aamaj News" хабар дод, ки даргириҳои миёни толибон ва ҷабҳа нимаи дуюми рӯзи 22 феврал дар вилояти Оноба оғоз шудааст. Пас аз як рӯз маълумот дар бораи талафот пайдо шуд. Аз ҷумла як воҳиди фармондеҳ Иззатуллоҳ Қандаҳорӣ нобуд карда шуд.
Ба иттилои Ҷабҳаи муқовимат, фармондеҳи толибон Наим Заркабӣ дар ин ҷанг захмӣ шудааст, вале мақомоти нави Афғонистон ин қазияро шарҳ надодаанд.
Далелҳое мавҷуданд, ки фармондеҳони ҷабҳа Паҳлавон Матин ва Абдул Азим дар ин амалиёт кушта шуданд.
Феълан ҳеҷ яке аз тарафҳо маълумоти дақиқ дар бораи кушташудагон ва захмиёнро номбар намекунанд.