Номи Ғаниро аз феҳрасти сарони давлатҳои ҷаҳон пок карданд

Номи раисҷумҳури фирории Афғонистон ва ҳамсари ӯ аз феҳрасти сарони давлатҳои ҷаҳони СММ пок карда шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 фев - Sputnik. Созмони Миллали Муттаҳид дар феҳрасти сарони давлатҳои ҷаҳон, номи раисҷумҳурии пешини Афғонистонро ба унвони раиси давлати ин кишвар пок кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ҳамчунин аз ин феҳраст, ки дар сомона Созмони Миллал нашр шуда аст, номи Руло Ғанӣ, ҳамсари Ашраф Ғанӣ низ ба унвони боуни нахусти Афғонистон пок шуда аст.
Дар ҳамин ҳол симати раиси давтали Афғонистон дар ин феҳраст раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон навишта шуда аст.
Ҳамзамон номи Муҳаммад Ҳаниф Атмар, ба унвони вазири умумри хориҷаи Афғонистон аз ин феҳраст пок шуда аст.
Ашраф Ғанӣ мехоҳад, охири умри худро дар Афғонистон сипарӣ кунад
Аммо номи Насир Аҳмад Фоиқ, ҳамчунон ба унвони намояндаи доими Афғонистон дар Созмони Миллал ва дар феҳрасти раисони намояндагиҳои дипломатики кишварҳо дар ин Созмон мавҷуд аст.
Ғанӣ 15 август дар ҳоле ки толибон дар канораҳои Кобул қарор доштанд, аз Афғонистон фирор кард.
Ӯ далели тарки кишвар карданашро ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар Кобул хонд, аммо бисёре аз сиёсатмадорону шаҳрвандони Афғонистон ин амалашро хиёнат ба халқу Ватан унвон карданд.
Ашраф Ғанӣ дар мавриди охирин соатҳои ҳукуматдорӣ ва тарки Кобул карданаш дар гуфтугӯ бо генерал Ник Картер, раиси Ситоди муштараки артиши Бритониё аз тариқи радиои ВВС гуфт, сабаби асосии рафтанаш пешгирии харобии Кобул буд, зеро аз ду самт толибон ин шаҳрро иҳота карда буданд ва эҳтимоли бархӯрди шадиди харобиовар вуҷуд дошт.
Толибон 90 зиндониро дар Афғонистон озод карданд
Раҳбари фирории Афғонистон гуфт, маҷбур буд, ки худро қурбон кунад, то Кобулро наҷот диҳад ва бо вазъиятҳои воқеӣ рӯ ба рӯ шавад.
Вай гуфт, шарикони байналмилалияш пайваста бар ӯ фишор оварда, салоҳияти ӯро маҳдуд мекарданд. Раисҷумҳури собиқ яке аз сабабҳои ҳаводиси моҳи августро созишномаи нобарори Доҳа ва озодсозии 5000 толиби зиндонӣ гуфт.
Аммо мунтақидони Ғанӣ мегӯяд, муомила ва қавмгароии раисҷумҳур яке аз омилҳои суқути ҳукумати Кобул буд.