Хурдсолони деҳот кай ба боғчаҳо мераванд? Танҳо 15% кӯдакони Суғд ба кӯдакистон мераванд

Дар вилояти Суғд 278 муассисаи таҳсилоти томактабӣ амал мекунад, ки танҳо 15,2 дарсади кӯдакони ин вилоят имкони баҳрабардорӣ аз онҳоро доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 фев – Sputnik. Ба делели камбуди кӯдакистонҳо беш аз 79%-и атфол имкони рафтан ба ин гуна муассисаҳои таҳсили томактабиро надорад. Ин нукта дар нишасти матбуотии Раёсати маорифи вилояти Суғд садо дод.
Осим Каримзода, сардори идораи маориф дар шарҳи фарогирии атфол ба кӯдакистонҳо гуфт, дар шароити афзоиши шумори атфол сатҳи фарогирии кӯдакистонҳо камтар ба назар мерасад.

“Ҳамасола дар шаҳру навоҳии Суғд кӯдакистонҳои нав сохта ба истифода дода мешаванд. Аз ҳисоби он ки ҳамасола кӯдак таваллуд мешавад, талабот ба кӯдакистонҳо зиёд мешавад” – гуфт, Каримзода.

Тибқи иттилои идораи маориф, ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд ҳудуди 278 муассисаи томактабӣ фаъолият мекунад, ки аз ин 207 ададаш муассисаҳои томактабии тобеи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, 14 муассисаи томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 57-тои дигар кӯдакистонҳои хусусӣ мебошанд. Дар умум дар чунин муассисаҳои томактабӣ 42 ҳазору 239 кӯдак ба таҳсили томактабӣ фаро гирифта шудаанд.
Ғайр аз ин дар Марказҳои инкишофи атфол 661 гурӯҳ бо фарогирии 13 ҳазору 531 кӯдакони то 6-сола амал мекунанд.
Наздик ба 90 дарсади кӯдакони Хатлон ба кӯдакистонҳо намераванд
Бино ба омори Раёсати маориф, фарогирии кӯдакон дар боғча ва марказҳои рушд дар шаҳру навоҳии Айнӣ 9,6%, Ашт 18,2%, Б. Ғафуров 21,7%, Бӯстон 61,5%, Гулистон 50%, Деваштич 12,2 %, Зафаробод 23,1 %, Истаравшан 8, 6 %, Исфара 17, 1%, Конибодом 23,7%, Кӯҳистони Мастчоҳ 4,6%, Мастчоҳ 10,9%, Панҷакент 11,7%, Шаҳристон 14,8%, Истиқлол 40%, Хуҷанд 56,5%, Ҷаббор Раслуов 35,9% аст.
Ба ин тартиб дар умум фарогирии атфол дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии Суғд 15,2% ва ба ҳисоби бо Марказҳои рушди кӯдакон 20,7% гуфта мешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде қабл масъулони идораи маориф дар вилояти Хатлон гуфта буданд, ки танҳо 10,2%-и кӯдакони ин вилоят имкони рафтан ба кӯдакистон ва марказҳои рушди кӯдаконро доранд.
Ба гуфтаи онҳо, дар шаҳри Бохтар 22%, навоҳии Носири Хусрав ва Шаҳритӯс 16%, Темурмалик 15%, Левакант ва Восеъ 14%, Норак 13%, Кӯлоб, Фархор, Данғара 12%, Вахш, Муъминобод, Панҷ 11%, Ҳамадонӣ, Балҷувон, Хуросон, Шамсиддини Шоҳин, Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ 10%, Ховалинг 9%, Кӯшониён 8%, Қубодиён 7%, Дӯстӣ 5% ва дар ноҳияҳои Ҷайҳуну Ҷомӣ ҳамагӣ 3%-и атфол аз кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдак баҳраманд ҳастанд.
Қарор аст, то соли 2030 дар Суғд фарогирии кӯдакон ба боғча ва марказҳои рушд ба 30% расонида шавад.