ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Раиси Ҳизби коммунистии Русия Геннадий Зюганов дар ҷаласа дар бораи вазъи ҳамтои худ аз Ҳизби либерал-демократӣ Владимир Жириновский сухан гуфт.
Ба гуфтаи ин сиёсатмадор, ки дар ҳамон бемористоне, ки ҳоло раҳбари ҲЛДТ аст, табобат мегирифт, Жириновский дар ҳоли беҳбуд ёфтан аст.
"Жириновский сиҳат мешавад", - гуфт Зюганов.
Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин низ дар бораи беҳбуди саломатии раиси Ҳизби либерал-демократӣ изҳори назар карда гуфтааст, ки Жириновский ба маротиб беҳтар аст ва мехост баромад кунад, аммо "пизишкон ба ӯ иҷоза надоданд".
Володин изҳори умедворӣ кард, ки Жириновский ба зудӣ дар миёни деворҳои Думаи давлатӣ пайдо мешавад.
Қаблан дар интернет маълумоте пайдо шуда буд, ки бар пояи он, санҷиши раиси Ҳизби либерал-демократӣ Владимир Жириновский аз COVID-19 манфӣ гуфта мешуд, аммо вазъи ӯ то ҳол вазнин аст.
Ҳамчунин манобеи гуногун дар интернет гузориш додаанд, ки сиёсатмадор мубталои илтиҳоби гӯш шудааст.
Ба гуфтаи раиси собиқи "Роспотребнадзор" Геннадий Онишенко, сабаби ташдиди бемории Жириновский сари вақт ба духтурон муроҷиат накарданаш будааст.
Дар робита ба вазъи Жириновский коршиносони соҳаи тандурустӣ сухан гуфтанд. Онҳо ба мувофиқа расиданд, ки раҳбари Ҳизби либерал-демократӣ пас аз беморӣ, ҳатто дар сенарияи мусоидтарин ҳам барқароршавии тӯлонӣ хоҳад дошт.
Ёдовар мешавем, ки бар асари бемории коронавирус Жириновский рӯзи 2 феврал ба яке аз клиникаҳои Маскав интиқол ёфт.
Ҳамон замон дар расонаҳо маълумоте пайдо шуд, ки сиёсатмадор дар ҳолати вазнин қарор дорад ва гирифтори илтиҳоби шуши дутарафа аст. Гуфта мешуд, ки аз 30 то 75%-и шуши сиёсатмадор гирифтори беморӣ шудааст.
Маълумот дар бораи вазъи вахими Жириновский ва пайваст кардани ӯ ба дастгоҳи нафасдиҳӣ дар канали "112" нашр шуда буд. Табибон назорати сиёсатмадорро идома медиҳанд ва ҳоло дар бораи мураххас шудани ӯ ҳарф задан барвақт аст.
Дар навбати худ ҲЛДР даъват кард, ки мардум ба овозаҳо дар бораи марги Жириновский бовар накунанд. Аз номи ҳизб муовини раиси Кумитаи Думаи давлатӣ дар умури тандурустӣ Сергей Леонов ба сухан баромада, аз вазъи муътадили сиёсатмадор хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, Жириновский раҳбарии ин ҳизбро идома медиҳад ва ба зудӣ метавонад дар назди мардум суханронӣ кунад.