Яке аз захмиёни таркиш дар Қубодиён даргузашт

Дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии ду нафари дигар нимасангин арзёбӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Яке аз он нафарое, ки дар таркиши нуқтаи газ дар ноҳияи Қубодиён ҷароҳати вазнин бардошта буд, даргузашт.
Дар ин бора аз Вазорати тундурустии кишвар ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода гуфтанд, фавтида Холиёр Нурматови 41-сола мебошад.
"Мутаассифона, нафаре, ки вазъашон на он қадар хуб буд, даргузаштаанд",- гуфтанд аз вазорат.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир саломатии ду тани дигар низ нимасангин арзёбӣ мешавад.
Теъдоди захмиёни сӯхтори Қубодиён афзуд: табобаташонро вазир назорат мекунад
Ёдовар мешавем, ки ин оташсӯзӣ рӯзи 21-уми феврал, соати 15:04-дақиқа дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ "Ориё нафт", воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Қубодиён рух дод.
Бино ба гузориши ВКД, сабаби сӯхтор таркиши зарфи нигоҳдории гази моеъ будааст. Масоҳати умумии сӯхтор тақрибан 280 метри мураббаъро ташкил додааст.
Сӯхтори шадид дар Қубодиён: теъдоди захмиён афзоиш меёбад - видео
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи сӯхтор 13 нафар ҷароҳат бардоштанд, яъне сӯхтанд ва низ 7 мошин садама дидааст. Ҳамчунин 2 гов низ тайи ин оташсӯзӣ талаф шудааст.
Гуфта мешавад, афроде, ки дар ин таркиш ҷароҳат бардоштанд, аз 22 то 65 сол син доранд.
Феълан аз тарафи коршиносон таҳқиқи ҳодиса идома дошта, сабаб, омил ва зарари пурраи он муайян карда мешавад.