Футболбози тоҷик бошгоҳи Қазоқистонро тарк кард

Нимҳимоятгари тоҷик Муҳаммадҷон Раҳимов аз бошгоҳи футболи "Ордабаси"-и Қазоқистон рафт ва акнун фаъолияти худро дар ҷои дигар идома медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Бошгоҳи футболи "Ордабаси"-и Қазоқистон бозигари тими миллии Тоҷикистон Муҳаммаҷон Раҳимовро аз даст дод, хабар медиҳад "Sports.kz".
Раҳимов соли гузашта аз номи тими "Ордабаси" баромад мекард.
Маълум нест, пас аз тарки бошгоҳи Қазоқистон варзишкор дар куҷо фаъолияташаро идома медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар мавсими ҷорӣ бошгоҳ ба ин бозигари тоҷик шартномаи нав пешниҳод карда буд, аммо ӯ розӣ нашуд, зеро аз шартҳои пешниҳодшуда қаноатманд набуд.
Ёдовар мешавем, ки футболбози 23-сола моҳи июли соли 2021 ба тими Шимкент пайваст. Ӯ дар мусобиқаи Лигаи олии Қазоқистон 7 бозӣ анҷом додааст.
Дар ин бозиҳо Муҳаммадҷон Раҳимов бо ба нишон расонидани гол ва бозии хубаш аз дигарон фарқ мекард.
"На тактикаю на бозӣ": интиқоди тунди мураббии собиқ аз нокомии Тоҷикистон дар CAFA
Ин футболбоз ҳоло дар ҳайати собиқ бошгоҳи "Истиқлол" дар Анталия тамрин мекунад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан таҳлилгарони олмонӣ омори мунтазами қимати футболбозони бошгоҳҳои Тоҷикистонро нав карда буданд.
Нархи тамоми Лигаи олии Тоҷикистон дар муқоиса бо рейтинги қаблии нархҳо поин рафтааст.
Футболбози тоҷик ба Академияи "Реал Мадрид" пайваст
Тибқи маълумоти ахир, барои пурра "харидан"-и чемпионати Тоҷикистон 19,7 миллион евро лозим аст. Қаблан арзиши умумии бошгоҳҳои тоҷикӣ 20,7 млн. ва "Истиқлол" аз гаронарзиштарини онҳо гуфта мешуд.
Бозигарони ин бошгоҳ дар маҷмуъ 3,4 миллион евро (қаблан он 4,78 миллион арзиш дошт) арзёбӣ мешаванд.