Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Қазоқистон мавқеяшро дар робита ба Украина, ҶМЛ ва ҶМД баён кард

Вазири умури хориҷии Қазоқистон таъкид кард, ки ташаннуҷ дар ҳоли афзоиш ва вазъ дар Донбасс шиддат гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Дар ҳошияи ҷаласаи ҳукумат сардори Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ ба хабарнигорон дар бораи мавқеъи Қазоқистон дар масъалаи Украина ва ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск гуфт.
"Вазъият бадтар мешавад, ташаннуҷ афзоиш меёбад, аз ин рӯ, Қазоқистон омода аст ва тамоми ҷомеаи ҷаҳониро даъват мекунад, ки талошҳои дипломатиро ба кор баранд",- гуфт Мухтор Тлеубердӣ
Ба саволе, ки оё Қазоқистон истиқлолияти Донбассро эътироф мекунад, ӯ чунин посух дод:
"Ҳоло мавқеъи расмии Қазоқистон таҳия мешавад, дар чанд соати наздик Шӯрои амнияти Қазоқистон баргузор мешавад, ки дар он мо ниҳоят мавқеи расмии Қазоқистонро қабул мекунем",- таъкид кард вазири корҳои хориҷӣ.
Ӯ гуфт, ки масъалаи аз ҷониби Қазоқистон ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск дар сари миз нест.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия ҷумҳуриҳои Донестк ва Луганскро ба расмият шинохт
"Мо бар пояҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои асосии оинномаи Созмони Милали Муттаҳид бпеш меравем",- гуфт ӯ рӯзи сешанбе ба хабарнигорон.
Ба гуфтаи Мухтор Тлеуберди, Қазоқистон мавқеи бетарафиро риоя хоҳад кард.

Ташдиди вазъ дар Донбасс ва эътирофи ҶМД ва ҶМЛ

Шоми 21 феврал, раисиҷумҳури Русия, фармонҳоро дар бораи эътирофи истиқлоли ҷумҳурии мардумии Донетск ва ҷумҳурии мардумии Луганск имзо кард.
Шартномахои дустй ва ёрии ҳамдигарӣ, аз ҷумла дар бораи ёрии харбӣ бо сардорони давлатҳои худхонда имзо карда шуданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин дар бораи хатари мушакҳои Амрико дар Украина: То 4 дақиқа ба Маскав мерасанд
Вазъият дар ҶМД ва ҶМЛ бегохии 18 феврал бад шуд. Сарони ҷумҳуриҳои мардумии худхондаи Донетск ва Луганск аз тахлияи муваққати шаҳрвандон ба вилояти Ростови Русия хабар доданд. Инчунин дар ҷумҳуриҳо сафарбаркунии умумӣ эълон карда шудааст.
Даргириҳо дар шарқи Украина ҳашт сол боз идома доранд ва дар ин муддат, ба гуфтаи СММ, беш аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ ва ҳудуди 44 ҳазор нафари дигар маҷруҳ шудаанд.