КҲФ: То охири феврал дар роҳҳои кӯҳӣ хатари тармафароӣ ва сангрезӣ боқӣ мемонад

Кумитаи мазкур аз аҳолӣ даъват намудааст, ки бидуни зарурат аз сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Бинобар хатари фаромадани тарма ва резиш санг дар роҳҳои кӯҳии Душанбе - Варзоб - Айнӣ ва Душанбе - Ванҷ навбатдории шабонарӯзӣ идома дорад.
Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод.
Манбаъ бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносии кишвар зикр намудааст, ки то охири моҳи феврали соли равон дар навоҳии кӯҳистонии кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби ВМКБ эҳтимоли лағзиши тарма ва сангрезӣ вуҷуд дорад.
Ҳушдори обуҳавошиносон аз яхбандиву фаромадани тарма дар шоҳроҳҳои кишвар
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ даъват менамояд, то ҳадди имкон аз сафар ба минтақаҳои тармарез, ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво ва шикор худдорӣ намоянд.
Илова бар ин кумита аз ронандагон хоҳиш намудааст, ки хангоми харакат дар минтақаҳои кӯҳӣ бояд қоидаҳои ҳаракат, аз ҷумла масофаи байни мошинҳоро риоя намоянд.