ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Дар созишномаи байни ҶМД, ҶМЛ ва Русия дар бораи ҳамкорӣ ҷузъиёти муҳим мавҷуд аст, ки ба президент имкониятҳои иловагӣ медиҳад.
Дар ин бора як манбаъ аз парлумон дар суҳбат бо РИА "Новости" гуфтааст.
Сухан дар бораи набудани зарурат барои додани розигии Шӯрои федератсия ба президенти Русия ҷиҳати истифодаи қувваҳои мусаллаҳ дар хориҷа меравад.
"Худи созишнома асос аст. Мавҷудияти созишнома бо ҶМД ва ҶМЛ дар бораи ҳамкорӣ зарурати пешниҳод (ба президенти Федератсияи Русия)-и ризоияти Шӯрои федератсияро барои истифода аз Қувваҳои Мусаллаҳи РФ дар хориҷи кишварро аз байн мебарад", - шарҳ дод мусоҳиб.
Қайд мешавад, ки агар сухан дар бораи Украина мебуд, иҷозат лозим мешуд, аммо имрӯз инҳо қаламравҳои ҶМД ва ҶМЛ мебошанд.
Фармонҳо дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск ба унвони кишварҳои соҳибихтиёр ва мустақил шаби 21 ба 22 феврал, пас аз ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амният, ки авҷ гирифтани авзоъ дар шарқи Украинаро баррасӣ карданд, нашр шуданд.
Ёдовар мешавем, Владимир Путин, кишвардори Русия, шоми 21 феврал ба мардуми кишвар паёми изтирорӣ ироа кард.
Дар изҳороти худ раҳбари давлат гуфт, ки Федератсияи Русия ҶМД ва ҶМЛ-ро расман эътироф мекунад.
Ӯ ҳамчунин хостори қатъи хунрезӣ дар Украина шуд.
Путин изҳори итминон кард, ки тасмим дар бораи ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск аз тарафи шаҳрвандони Русия дастгирӣ хоҳад ёфт.