Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Изҳороти нахустини Путин пас аз эътирофи истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ

Президенти РУсия дар бораи эътирофи ҶХД ва ҶХЛ изҳор дошт, ки бар он мекӯшанд, то роҳҳалли мутақобилан қобили қабул пайдо намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин пас аз эътирофи ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск бори аввал изҳори назар кард.
Президент дар суҳбат бо ҳамтои озарии худ Илҳом Алиев таъкид намуд, ки муносибатҳои хуби Маскав ва Киев соли 2014, аснои табадуллоти давлатӣ дар Украина ба зарбаи сахт мувоҷеҳ шуданд.
Путин афзуд, ки Русия дар ҳама ҳолатҳои шадид хеле эҳтиёткорона амал мекард ва манфиатҳои тамоми кишварҳоро ба инобат мегирифт.
Русия ҷумҳуриҳои Донестк ва Луганскро ба расмият шинохт
"Мутаассифона, пас аз табаддулоти давлатӣ дар Украина мо чунин сатҳ ва сифати ҳамкорӣ бо Украинаро намебинем, он аз байн рафтааст. Мехоҳам таъкид намоям, ки ин пас аз табаддулоти давлатӣ ва ғасби ғайриқонунии қудрат аз ҷониби онҳое, ки ин корро анҷом додаанд, рӯй дод", - гуфт Путин.
Фармонҳо дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск ба унвони кишварҳои соҳибихтиёр ва мустақил шаби 21 ба 22 феврал, пас аз ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амният, ки вахомати авзоъ дар шарқи Украинаро баррасӣ карданд, нашр шуданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Думаи давлатӣ созишнома бо Луганску Донетскро тасвиб кард: Маскав гуфт, марз куҷост
Ёдовар мешавем, Владимир Путин, кишвардори Русия шоми 21 феврал ба мардуми кишвар паёми изтирорӣ ироа кард.
Дар изҳороти худ раҳбари давлат гуфт, ки Федератсияи Русия ҶХД ва ҶХЛ-ро расман эътироф мекунад.
Ӯ ҳамчунин хостори қатъи хунрезӣ дар Украина шуд.
Путин изҳори итминон кард, ки тасмим дар бораи ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск аз тарафи шаҳрвандони Русия дастгирӣ хоҳад шуд.