Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Думаи давлатӣ созишнома бо Луганску Донетскро тасвиб кард: Маскав гуфт, марз куҷост

Тавзеҳ дода шуд, ки Маскав кадом марзҳои ҷумҳуриҳои халқии Донетску Лугангскро эътироф мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Думаи давлатии Русия созишномаҳо бо ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганскро тасвиб кард, хабар дод РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, созишномаи тасвибшуда дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки тарафайн мебошанд.
Вазорати умури хориҷии Русия тавзеҳ додааст, ки Маскав ҷумҳуриҳои Донетску Луганскро дар он марзе мешиносад, ки роҳбарони ин ҷумҳуриҳо салоҳияташонро амалӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Владимир Путин, президенти Русия фармон дар бораи эътирофи мустақилияти Донетск ва Луганскро имзо намуд. Мақомдорони Вазорати умури хориҷии Русия гуфтанд, ин тасмим бар асоси оинномаи Созмони Милали Муттаҳид роҳандозӣ карда шудааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шартномаи Русия бо ҶМД ва ҶМЛ ба Путин ваколати махсус медиҳад
Раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои амният ба шаҳрвандони кишвараш муроҷиат карда гуфт, эътирофи фаврии мустақилияти Донетск ва Луганскро муҳим медонад. Ӯ афзуд, ки ҷаҳон талош дорад, даҳшату наслкушӣ дар Донбассро нодида гирад, аммо дар амал ягон рӯз бидуни оташкушоӣ ва ҳалокати одамони осоишта намегузарад. Путин таъкид намуд, ки дар сурати идомаи хунрезӣ дар Донбасс тамоми масъулият ба дӯши низоми Киев хоҳад буд.
Президенти Русия изҳори бовар намуд, ки эътирофи мустақилияти Донетску Луганск аз ҷониби мардуми кишвар пуштибонӣ хоҳад ёфт.
Инчунин дастур шудааст, ки артиши Русия барои таъмини суботу амният дар Донетску Луганск муваззаф шавад.